Эй карда дар ҷаҳон ғами ишқат самар маро

Эй карда дар ҷаҳон ғами ишқат самар маро,
В-эй карда дасти ишқи ту зеру забар маро.

Аз пой то ба сар ҳама ишқат шудам, чунон-к
Дар зери пойи ишқи ту гум гашт сар маро.

Гар бе ту хобу хӯрд набошад маро, равост,
Худ бе ту дар чӣ хӯрд бувад хобу х(в)ар маро.

Умре камони сабр ҳаме доштам ба зеҳ,
Охир ба тири ғамза фикандӣ сипар маро.

Боре ба умрҳо хабаре ёфтам зи ту,
Чун ҷӯйӣ аз замона ба хуни ҷигар маро?!

Дар хуни ман машав, ки наёрӣ ба даст боз,
Гар ҷӯйӣ аз замона ба хуни ҷигар маро.