Ҷоно, ба ҷон расид зи ишқи ту кори мо

Ҷоно, ба ҷон расид зи ишқи ту кори мо,
Дардо, ки нестат хабар аз рӯзгори мо.

Дар кори ту зи дасти замона ғамин шудам,
Эй чун замона бад, назаре кун ба кори мо.

Бар осмон расад зи фироқи ту ҳар шабе
Фарёду нолаҳои дили зор-зори мо.

Дардову ҳасрато, ки ба ҷуз бори ғам намонд
Бо мо ба ёдгор аз он рӯзгори мо.

Будем бар канор зи темори рӯзгор,
То дошт рӯзгор туро дар канори мо.

Он шуд, ки ғамгусори ғами мо ту будаӣ,
Имрӯз нест ҷуз ғами ту ғамгусори мо.

Оре, ба ихтиёр дили Анварӣ набуд,
Дасти қазо бибаст дари ихтиёри мо.