Эй ғорати ишқи ту ҷаҳонҳо

Эй ғорати ишқи ту ҷаҳонҳо,
Барбоди ғами ту хонумонҳо.

Шуд бар сари кӯи лофи ишқат
Сарҳо ҳама дар сари забонҳо.

Дар пеши ҷанибати ҷамолат
Аз ҷисм пиёда гашта ҷонҳо.

Дар кавкабаи рухи чу моҳат
Сад наъл фиканда осмонҳо.

Наззорагиёни рӯи хубат
Чун дарнигаранд аз каронҳо,

Дар рӯйи ту рӯйи хеш бинанд,
З-ин ҷост тафовути нишонҳо.

Гӯям, ки зи ишваҳои ишқат
Ҳастем зи умр бар зиёнҳо.

Гӯӣ, ки туро аз он зиён буд,
Алҳақ, ҳастӣ ту худ аз онҳо.

То кай гӯиӣ чу Анварӣ мурғ
Дигар напарад аз ошёнҳо?!

Донад ҳама кас, ки он чӣ таън аст,
Дандон-ст, буто, дар ин даҳонҳо.