Эй аз бунафша сохта гулбаргро ниқоб

Эй аз бунафша сохта гулбаргро ниқоб,
В-аз шаб тапончаҳо зада бар рӯйи офтоб

Бар сими сода бехта аз мушки суда гард,
Бар барги лола рехта аз қири ноб об.

Хатти ту бар хади ту чу бар шир пои мӯр,
Зулфи ту бар рухи ту чу бар май пари ғароб.

Дорам зи обу оташи ёқуту ҷазъи ту
Дар оби дида ғарқу бар оташ ҷигар кабоб.

Дар тобу банди зулфи диловези ҷонкашат,
Ҷон дар ҳазор банду дил андар ҳазор тоб.

Гаҳ дасти ишқ ҷомаи сабрам кунад қабо,
Гаҳ оби чашм хонаи розам кунад хароб.

Чун чашмат аз ҷафо мижа бар ҳам намезанад,
Чашмаш ба хуни дил мижа то кай кунад ҳиҷоб?

Ҳам бо хаёли ту гилае кардаме зи ту,
Бар чашми ман агар нашудӣ баста роҳи хоб.

Эй рӯзу шаб чу даҳр дар озори Анварӣ,
Тарсам, ки даҳр боз диҳад зудат ин ҷавоб.