Хаҳ, хаҳ, баномэзад, он рӯи кист, ё Раб

Хаҳ, хаҳ, баномэзад, он рӯи кист, ё Раб,
Он сеҳрчашму он рух, он зулфу холу он лаб.

Дар васфи ҳусни он лаб ноҳидчанг мутриб,
Бар чархи ҳусни он рух хуршедбурҷ кавкаб.

Масрури ишқи ӯро ин ишқ одати ғам,
Бедори ҳаҷри ӯро ин марг сурати таб.

Нақше нигошт хатташ аз мушки суда бар гул,
Доман фиканд зулфаш бар рӯзи равшан аз шаб.

Домест чини зулфаш, ақл андар ӯ муаллақ,
Ҷазъест чашми шӯхаш, сеҳр андар ӯ мураккаб,

Гаҳ мушк мефишонад бар маҳ зи гарди мавкиб.
Гаҳ моҳ менигорад дар раҳ зи наъли маркаб.

Дар пеши нури рӯяш гардун ба дасти ҳасрат.
Барбаст рӯйи худро, бишкаст неши ақраб.

Бардорад, ар бихоҳад зулфу рухаш ба як раҳ,
Тартиби куфру имон оини кешу мазҳаб.

Дар манязиди васлаш ҷоне ҷаве наярзад,
Эй Анварӣ, чӣ лофӣ чандин зи қалбу қолаб?!