Хаҳ, аз куҷот пурсам, чун аст рӯзгорат

Хаҳ, аз куҷот пурсам, чун аст рӯзгорат,
Моро ду дида боре хун шуд дар интизорат.

Дар орзуи рӯят дур аз саодати ту,
Печону сӯгворам чун зулфи тобдорат.

Моро нагӯӣ, эй ҷон, к-охир ба чӣ ҷиноят
Бегонагӣ гирифтӣ аз ёри дӯстдорат?

Эй ҷону рӯшноӣ, беҳ з-ин ҳаме бибояд,
Ту бар канорӣ аз мо, мо дар миёни корат.

Бо мот дарнагирад, моему ними ҷоне,
Ё марги ҷон гузинам, ё васли хушгуворат.

Гар бахт даст гирад в-ар умр пой дорад,
Як бори дигар, эй ҷон, гирем дар канорат.