Ғами ишқи ту аз ғамҳо наҷот аст

Ғами ишқи ту аз ғамҳо наҷот аст,
Маро хоки дарат оби ҳаёт аст.

Намехоҳам наҷот аз банди ишқат,
Чӣ банд аст он, ки хуштар аз наҷот аст.

Маро гӯянд, роҳи ишқ маспар,
Ману савдои ишқ, ин турраҳот аст.

Зи лаълат ду рухат бар натъи хубӣ
Маҳ андар чор хона шоҳмот аст.

Дилу дин мебарию аҳду қавлат
Чу ҳолу кори дунё бесубот аст.

Иноят бар сари ҳаҷрат ба оийн
Ҳам аз ҷаври қадиму ҳодисот аст.

Чунон тарсад дил аз ҳаҷри ту, гӯйӣ
Шаби ҳиҷрони ту рӯзи вафот аст.

Ба ҷону дил зи девони ҷамолат
Амири ишқро бар ман барот аст.

Бароте гар шавад роҷеъ, чӣ бошад,
На хатти Маҷдидин Шамсулкифот аст.