То дили мискини ман дар кори туст

То дили мискини ман дар кори туст,
Орзуи ҷони ман дидори туст.

Ҷону дил дар кори ту кардам фидо,
Кори ман ин буд, дигар кори туст.

Бо ту натвон кард даст андар камар,
Ҳар чӣ хоҳӣ, кун, ки давлат ёри туст.

Дил туро додам, вагар ҷон боядат,
Ҳам фидои лаъли шаккарбори туст.

Шоядам, гар ҷону дил аз даст рафт,
Эминам анде, ки дар зинҳори туст.