Ҷурми раҳӣ дӯстии рӯйи туст

Ҷурми раҳӣ дӯстии рӯйи туст,
Офати савдои дилаш мӯйи туст.

Дил нафас аз ишқи ту танҳо назад,
Дар ҳама дилҳо ҳаваси рӯйи туст.

Новаки ғамза мазан ӯро, ки ӯ
Куштаи ҳар ғамзадаи хӯи туст.

Ҳаст басе Юсуфи Яъқубранг,
Пираҳанеро, ки дар ӯ бӯйи туст.

Аз дари худ ошиқи худро марон,
Раҳм кун, ангор, саги кӯи туст.