Эй ба дида дареғ хоки дарат

Эй ба дида дареғ хоки дарат,
Ҳама савганди ман ба ҷону сарат.

Гӯшро миннат аст бар ҳама тан
Аз паи он ҳадиси чун шакарат.

Ашк чун симу рух чу зар кардам
Аз барои нисори раҳгузарат.

Мояи кимиёст хоки дарат,
Кай дарояд ба чашм симу зарат?!

Дили бераҳми ту раҳим шавад,
Гар зи ҳоли дилам шавад хабарат.