Рухат маҳро руху фарзин ниҳодаст

Рухат маҳро руху фарзин ниҳодаст,
Лабат беҷодаро сад зарба додаст.

Чу рӯят кай бувад он маҳ, ки ҳар маҳ
Се рӯз аз маркаби хубӣ пиёдаст.

Куҷо дидаст беҷода чунон ҳол,
Ки фарзинбанди наълатро пиёдаст.

Зи модар то ту зодӣ, кас надидаст,
Ки як модар маҳу хуршед зодаст.

Аз ин сангиндилӣ бо Анварӣ бас,
Ки бе ту сангҳо бар дил ниҳодаст.