Гулбуни ишқи ту бехор омадаст

Гулбуни ишқи ту бехор омадаст,
Ҳар гулеро сад харидор омадаст,

Оламеро аз ҷафои ишқи ту
Пою пешонӣ ба девор омадаст.

Ҳуснро то кардаӣ бозор тез,
Фитна аз хона ба бозор омадаст.

Боз коре даргирифтастӣ магар,
Ту гирифтӣ, тоза дар кор омадаст.

То туро ҷони ҷаҳон хонд Анварӣ,
Дар ҷаҳон шӯре падидор омадаст.