Маъшуқа ба ранги рӯзгор аст

Маъшуқа ба ранги рӯзгор аст,
Бо гардиши рӯзгор ёр аст.

Бас булъаҷабу баҳонаҷӯй аст,
Бас кинакашу ситезакор аст.

Ин мӯҳташамист бо бузургӣ,
Гар мӯҳташаму бузургвор аст.

Бӯсе надиҳад, магар ба ҷоне,
Оре, ҳама хамр бо хумор аст,

Дар боғи замона ҳеч гул нест,
В- он низ, ки ҳаст, ҷуфти хор аст.

Эй дил, манеҳ аз миён бурун пой,
Ҳарчанд, ки ёр бар канор аст.

Уммед мабур, к-аз он чи мардум,
Навмедтар аст, умедвор аст.

Ҳарчанд шумори кори фардо
Корест, ки он на дар шумор аст.

Натвон донист, ҳар шаб аз умр
Обастани сад ҳазор кор аст.