Зи ишқи ту ниҳонам ошкор аст

Зи ишқи ту ниҳонам ошкор аст,
Зи васли ту насибам интизор аст.

Зи боғи васли ту гул кай тавон чид,
Ки он ҷо гуфтугӯй аз баҳри ҷон аст.

Вале дар пои ту гаштам бад-он бӯй,
Ки аҳдат ҳамчу ишқам пойдор аст.

Дилам рафту зи ту коре наёмад,
Маро бо ин фузулӣ худ чӣ кор аст.

Чу гӯям: Бӯсае, гӯӣ, ки фардо,
Киро фардои гетӣ дар шумор аст?

Ба банди рӯзгорам чанд бандӣ?
Сухан худ бештар дар рӯзгор аст.

Ба аҳдам даст мегирӣ, валекин
Кӣ мегӯяд, ки поят устувор аст?

Туро бо Анварӣ з-ин гуна дастон
На як бору ду бор асту се бор аст.