Эй ёр, маро ғами ту ёр аст

Эй ёр, маро ғами ту ёр аст,
Ишқи ту зи олам ихтиёр аст.

Бо ишқи ту ғам ҳамегусорам,
Ишқи ту ғам асту ғамгусор аст.

Ҷону ҷигарам бисӯхт ҳиҷрон,
Худ одати дил на з-ин шумор аст.

Ҷон сӯхтану ҷигар халидан
Ҳиҷрони туро камина кор аст.

Дар ҳаҷр зи дард беқарорам,
К-он дард ҳанӯз барқарор аст.

Эй роҳати ҷони ман, фараҷ деҳ,
З-он дард, ки номаш интизор аст.

Дар тоб шудӣ, ки гуфтам аз ту
Ҷуз дард маро чӣ ёдгор аст?!