Ё Раб, чӣ бало, ки ишқи ёр аст

Ё Раб, чӣ бало, ки ишқи ёр аст,
З-ӯ ақл бадарду ҷон фигор аст.

Дил бурду ҷамол кард пинҳон,
Фарёд, ки зулми ошкор аст.

Гар ҷони ман аст, аз ӯ ба ҷонам,
Ман ҳеҷ надонам, ин чӣ кор аст.

Н-ояд бари ман хаёли ӯ ҳеҷ,
В-ин ҳам зи хилофи рӯзгор аст.

Корам чу нигор нест бо ӯ,
З-он бар рухи ман зи хун нигор аст.

З-ӯ ҳеҷ шумор барнагирам,
Зеро ки ҷафош бешумор аст.