Ҳар шикан дар зулфи ту аз мушк доле дигар аст

Ҳар шикан дар зулфи ту аз мушк доле дигар аст,
Ҳар назар аз чашми ту сеҳри ҳалоле дигар аст.

Н-ояд андар васфи кас он чашму зулф, аз баҳри он-к
Дар хаёли ҳар кас аз ҳар як хаёле дигар аст.

Ҳарчӣ дил бо хештан сурат кунад з-он зулфу чашм,
Ақли дурандеш гӯяд, бо мисоле дигар аст.

Ҳар касе з-он чашму зулф андар гумоне дигаранд,
В-он гумонҳо низ аз ҳар як муҳоле дигар аст.

Гарчи дар айни камол аст аз накӯӣ гӯиё,
Аз варои он камоли ӯ камоле дигар аст.

Ман ба ҳоле дигарам аз ишқи ӯ ҳар лаҳзае,
З-он ки ӯ дар ҳусн ҳар соат ба ҳоле дигар аст.