Умеди васли ту коре дароз аст

Умеди васли ту коре дароз аст,
Умед, алҳақ, нишебе бефароз аст.

Тамаъро бар ту дандон гарчи кунд аст,
Таманноро забон боре дароз аст.

Раҳи беруншуд аз ишқат надонам,
Дари ҳар ду ҷаҳон гӯё фароз аст.

Ба ғорат бурд ғамзат як ҷаҳон ҷон,
Лабатро гӯ, ки охир турктоз аст.

Дар ин мотамсаро, яъне замона
Басе иду арӯсӣ, к-аз ту боз аст.

Нагӯӣ, к-инчунин иду арӯсӣ,
Тараб дар рӯза, ишрат дар намоз аст.

Ҳадиси офият якборагӣ худ
Чунон пӯшида шуд, гӯиё ки оз аст,

Ниёз, эй Анварӣ, бас арза кардан,
Ки маъшуқ аз ду гетӣ бениёз аст.