Эй бародар, ишқ савдое хуш аст

Эй бародар, ишқ савдое хуш аст,
Дӯзах андар ошиқӣ ҷое хуш аст.

Дар биёбон раҳравони ишқро
З-оби чашми хеш дарёе хуш аст.

Ғамгинонро ҳар замон дар кунҷи ишқ
Ёди номи дӯст саҳрое хуш аст.

Бо хаёли рӯи маъшуқ, эй аҷаб,
Ҷоми заҳролуд ҳалвое хуш аст.

Умрҳо дар ранҷ чун имрӯзу дӣ
Бар умеди буди фардое хуш аст.