Кори дил аз орзуи дӯст ба ҷон аст

Кори дил аз орзуи дӯст ба ҷон аст,
То чӣ шавад оқибат, ки кор дар он аст.

Кард чӣ ҷону ҷаҳон малул ба ҷаврам,
Бо ҳама бедоду ҷавр ҷони ҷаҳон аст.

Ишва диҳад чун ҷаҳону умр ситонад,
Дар ғами ӯ ишва суду умр зиён аст.

Ишқ чу ранге диҳад сиришки касеро,
Рӯй суи ман кунад, ки расми фалон аст.

Булъаҷабӣ мекунад, ки роз нигаҳ дор,
Рӯй ба хун тар, чӣ рӯзи рози ниҳон аст?!

Хасм ҳамегӯядам, ки ошиқи зорӣ,
Хира чӣ лаъбулхиҷил кунам, ки чунон аст.

Ошиқӣ, эй Анварӣ, дурӯғ чӣ гӯйӣ?
Рози дилат дар сухан чу рӯз аён аст.