Ҳар кӣ чун ман ба куфраш имон аст

Ҳар кӣ чун ман ба куфраш имон аст,
Аз ҳама халқ ӯ мусулмон аст.

Рӯйи имон надидаӣ, ба Худо,
Ки дар ӯ дину куфр яксон аст.

Эй писар, мазҳаби қаландар гир,
Гар ба имони хешат имон аст.

Хештан бар тариқи эшон банд,
Ки тариқат тариқи эшон аст.

Даст аз ин тавбаю салоҳ бидор,
К-андар ин роҳ кофарӣ он аст.

Роҳи таслим рав, ки олами ҳукм
Доми мурғону мурғи бирён аст.

Мулки таслим чун мусаллам гашт,
Беҳтар аз мулкати Сулаймон аст

Мардуми савмаа мусалмон нест,
Гар ҳама Бӯзар асту Салмон аст.

Соқиё, дардеҳ он майе, ки аз ӯ
Офати ақлу роҳати ҷон аст.

Ҳокии ранги рӯйи маъшуқ аст,
Ровии бӯйи зулфи ҷонон аст.

Маҷлис аз бӯйи ӯ суманзор аст,
Хона бо ранги ӯ гулистон аст.

Аз латофат ҳавои рангин аст,
В-аз сафо офтоби тобон аст.

Дар қадаҳ ҳамчу ақлу ҷон дар тан,
Ошкор аст, агарчи пинҳон аст.

Тавбаи хешу они ман бишкан,
К-ин на тавбаст, зӯру бӯҳтон аст.

Як замонам зи хештан бираҳон,
К-аз вуҷудам зи худ пушаймон аст.

Чанд гӯйӣ, ки май нахоҳам хӯрд,
Ки зи душман дилам ҳаросон аст.

Май хӯру маст хусбу эмин бош,
Маҷлиси хос-хоси султон аст.