Маро донӣ, ки бе ту ҳол чун аст

Маро донӣ, ки бе ту ҳол чун аст,
Ба ҳар мижгон ҳазорон қатра хун аст.

Танам дар банди ҳаҷри ту асир аст,
Дилам дар дасти ишқи ту забун аст.

Ғами ишқи ту дар ҷон ҳеҷ кам нест,
Чӣ ҷои кам, ки ҳар соат фузун аст.

Ба ваҷҳе хун ҳамеборам ман аз дил,
Ки аз ишқи туам ғам раҳнамун аст.

Агар бахшуд хоҳӣ, ҳаргиз, эй ҷон,
Бар ин дил ҷои бахшоиш кунун аст.