Ҷамолат бар сари хубӣ кулоҳ аст

Ҷамолат бар сари хубӣ кулоҳ аст,
Ба номэзид, на рӯяст он, ки моҳ аст.

Туӣ, к-аз зулфу рух дар олами ҳусн
Туро ҳам нимашаб, ҳам чоштгоҳ аст.

Басо хирман, ки оташ дарзадӣ, бош,
Ҳанӯзат оби хубӣ зери коҳ аст.

Пайи аҳдат наёяд ҷуз дар он роҳ,
К-аз он ҷо то вафо садсола роҳ аст,

Зи ишқат рӯзи умрам дар шаб афтод,
В-аз ин ғам бар дилам рӯзи сиёҳ аст.

Пас аз чанде сабурӣ дод бошад,
Ки гӯям бӯсае, гӯйӣ «пагоҳ аст».

Шабе қасди лабат кардам, аз он шаб
Сипоҳи кини чашмат дар сипоҳ аст.

Ба тири ғамза мижгон-т Анвариро
Бикуштанду бар ин шаҳре гувоҳ аст.

Лабатро гӯ, ки тадбири дият кун,
Сари зулфат мабур, к-ӯ бегуноҳ аст.