Ишқи ту дилро накӯ пероя аст

Ишқи ту дилро накӯ пероя аст,
Дидаро дидори ту сармоя аст.

Тири мижгони туро хун рехтан
Дар тариқи ишқ камтар поя аст.

Аз вафо фарзанди андӯҳи туро
Дил зи модар меҳрубонтар доя аст.

Банда гашт аз баҳри ту дил дидаро,
Гарчи дилро дида бад ҳамсоя аст.

З-он маро васлат ба дасти ҳаҷр дод,
К-аз пайи ҳар офтобе соя аст.