Ҳар кас, ки ғами туро фасона-ст

Ҳар кас, ки ғами туро фасона-ст,
Дасти хуш офати замона-ст.

Ҳар кас, ки ғами туро миён баст,
Аз ишқи замона бар карона-ст.

Ту ёри ягонаиву бояст
Ёри ту, ки ҳамчу ту ягона-ст.

Ишқи ту ҳақиқат аст, эй ҷон,
Маълум дилеву дар миёна-ст.

Дар ишқи ту сӯфиему моро,
Дигар ҳама ишқҳо фасона-ст.

Моро дили пурғам асту гӯ бош,
Анде, ки дили ту шодмона-ст.

Дарди дили мо зи ҳаҷри худ пурс,
Ҳиҷрони ту аз миёни хона-ст.

Дорам сухане ҳам аз ту бо ту,
Мақсуд туӣ, сухан баҳона-ст.

Беҳ з-ин ғами кори дӯстон хӯр,
В-ин панд шунав, ки дӯстона-ст.