Боз мондам дар ғаму темори ӯ,тадбир чист?

Боз мондам дар ғаму темори ӯ,тадбир чист?
Боз гаштам оҷиз андар кори ӯ, тадбир чист?

Боз хуни ақлу ҷонам рехт андар ишқи ӯ,
Дидаи шӯхи каши хунхори ӯ, тадбир чист?

Боз бори дигарам дар зери бори ғам кашид
Орзуи лаъли шаккарбори ӯ, тадбир чист?

Пеш аз ин умре ба боди ишқи ӯ бар додаам.
Боз гаштам ошиқи дидори ӯ, тадбир чист?..

Дар миёни меҳнати бисёр гаштам нопадид
Аз ғаму андешаи бисёри ӯ, тадбир чист?

Шеваи аҳдаш дигар бо Анварӣ бихранд, боз
Хештан бифрӯхт дар бозори ӯ, тадбир чист?!