Дил бе ту ба сад ҳазор зорист

Дил бе ту ба сад ҳазор зорист,
Ҷон дар кафи сад ҳазор хорист.

Дар ишқи ту з-ашки дида дилро
Алҳақ, зи ҳазор гуна зорист.

Дар роҳи ту хортар зи хокам,
Эй бахти бад, ин чӣ хоксорист?!

Кардем ба коми душман, эй дӯст,
Донам, ки на ин зи дӯстдорист.

Ҳиҷрони сияҳгари туам кушт,
Ин низ ҳам аз сапедкорист.