Моҳ чун чеҳраи зебои ту нест

Моҳ чун чеҳраи зебои ту нест,
Мушк чун зулфи гулорои ту нест.

Кас надидаст рухи хуби туро,
Ки чу ман бандаву мавлои ту нест.

Кардам аз дидаву дил ҷой туро,
Гарчи дар дидаву дил ҷойи ту нест.

Чӣ диҳӣ ваъдаи фардо, ки маро
Дил дигар ваъдаи фардои ту нест.

Синаи кас нашиносам ба ҷаҳон,
Ки дар он сина тақозои ту нест.