Аз ту буридан, санамо, рӯй нест

Аз ту буридан, санамо, рӯй нест,
З- он, ки чу рӯят ба ҷаҳон рӯй нест.

То ту зи кӯи ту бурун рафтаӣ,
Кӯи ту гӯйӣ, ки ҳамон кӯй нест.

Гарчи ғамат кард чу мӯе маро,
Фориғам аз ишқи ту як мӯй нест.

Рӯйи туро моҳ нагӯем, аз он-к
Моҳ чу он орази дилҷӯй нест.

Зулфи туро мушк нахонам, аз он-к
Мушк бад-он рангу бад-он бӯй нест.

Чун лаби ту бодаи хушранг на,
Чун рухи ту лолаи худрӯй нест,

Зулфи ту чавгону дилам гӯйи ӯст,
Кист, ки чавгони туро гӯй нест.

Таънаи бадгӯй набошад зиён-ш
Ҳар кӣ варо дилбари бадхӯй нест,

Анварӣ, аз хӯи бади туст хор,
Аз сухани душмани бадгӯй нест.