Ҷоно, дилам аз холи сиёҳи ту ба ҳолест

Ҷоно, дилам аз холи сиёҳи ту ба ҳолест,
К- имрӯз бар онам, ки на дил, нуқтаи холест.

Дар орзуи хоби шаб аз баҳри хаёлат
Хаққо, ки танам рост чу дар хобу хаёлест.

Бе рӯзи рухи хуби ту, донам, хабарат нест,
К- андар ғами ҳиҷрони ту рӯзем чу солест.

Ҳар дам ба ғаме тоза дилам хӯй фаро кард,
То ҳар нафасе рӯйи туро тоза ҷамолест.

В-имрӯз ғами ман чу ҷамолат бакамол аст,
Ё раб, чӣ кунам, гар пас аз ин низ камолест.

Он кист, ки ӯро чу кафи пойи ту рӯест,
В-он кист, ки ӯро ба каф аз дасти ту молест.

Пайғом диҳӣ ҳар нафасам к-Анварӣ аз мост,
Ман бандаи ин михрақа, ҳарчанд муҳолест.