Ишқи ту бе рӯйи ту дарди дилест

Ишқи ту бе рӯйи ту дарди дилест,
Мушкили ишқи ту мушкил мушкилест.

Бе ту дар ҳар хона дасте бар сарест,
В-аз ту дар ҳар кӯй пойе дар гилест.

Бар дари бутхонаи ҳуснат кунун
Дасти сабрам зери санги ботилест.

Шодии васлат барии дил кай расад,
То туро, шукрона, бар ҳар ғам дилест.

Ҳосилам дар ишқи ту беҳосилист,
Ҳеҷ натвон гуфт некӯ ҳосилест.

Аз таҳайюр ҳар замон дар роҳи ту,
Рӯйи уммедам ба дигар манзилест.

Киштие бар хушк мерон, Анварӣ,
К- охирин дарёи ғамро соҳилест.