Макун, эй дил, ки ишқ кори ту нест

Макун, эй дил, ки ишқ кори ту нест,
Бори худро бибар, ки бори ту нест.

Мурдӣ аз ишқу дар ғами дигарӣ,
Гарчи ин ҳам ба ихтиёри ту нест.

Дида рози ту фош кард, аз он-к
Дида дар ишқ роздори ту нест.

Навбаҳор омаду ҷаҳон бишкуфт,
З-он туро чӣ, чу навбаҳори ту нест.