Бе меҳри ҷамоли ту диле нест

Бе меҳри ҷамоли ту диле нест,
Бе меҳри ҳавои ту гуле нест.

Бигзашт замона ва-з ту касро
Ҷуз умри гузашта ҳосиле нест.

То аз чӣ гилӣ, ки аз ту холӣ
Дар олами обу гул диле нест?!

Дар доираи ҷаҳони муҳдас
Чун ҳодисаи ту мушкиле нест.

Дар ту кӣ расад, ки дар раҳи ту
Ҷуз манзили аҷз манзиле нест.

Дар баҳри таҳайюри ту пойоб
Кай суд кунад, ки соҳиле нест.