Ёр бо ман чун сари ёрӣ надошт

Ёр бо ман чун сари ёрӣ надошт,
Заррае дар дил вафодорӣ надошт.

Ошиқон бисёр дидам дар ҷаҳон,
Ҳеҷ кас касро бад-ин хорӣ надошт.

Ҷон ба тарки дил бигуфт аз бими хаҷр,
Тоқати чандин ҷигархорӣ надошт.

То падид омад шароби ишқи ту,
Ҳеҷ ошиқ барги ҳушёрӣ надошт.

Дил зи бесабрӣ ҳамезад лофи ишқ,
Гуфт:- Дорам сабр,- пиндорӣ, надошт.

Бори васлаш дар ҷаҳон нагшод кас,
К- андар ӯ дар ҳаҷр сарборӣ надошт.

Дарди чашми ман фузун шуд баҳри он-к
Тутиё аз сабр пиндорӣ надошт.