Боз кай гирам андар оғӯшат

Боз кай гирам андар оғӯшат,
Кай биёрам ба даст чун дӯшат?!

Ҳаргиз оё ба хоб хоҳам дид
Як шабе дигар андар оғӯшат?

То бидидам ба зери ҳалқаи зулф
Ҳалқаи гӯш бар буногӯшат.

Гашт якборагӣ дили решам
Ҳалқаи гӯши халқадаргӯшат.