Рояти ҳусни ту бар маҳ баргузашт

Рояти ҳусни ту бар маҳ баргузашт,
Бо ман ин ҷаври ту аз ҳад дар гузашт.

Оташи ҳаҷри туам хуш-хуш бисӯхт,
Оби андӯҳи туам аз сар гузашт.

Нагзарад бар ҳеҷ кас аз ошиқон,
Он-ч дӯш аз ишқ бар чокар гузашт.

Гиряи ман шӯр дар олам фиканд,
Нолаи ман аз фалак бартар гузашт.

Дӯш боз омад хаёлат пеши ман,
Ҳоли ман чун дид, аз ман даргузашт.

Дидаам дар пойи ӯ гавҳар фишонд,
То чу мебигзашт, бар гавҳар гузашт.

Даргузашт ашки ман аз ёқути сурх,
Гарчи дар зардӣ рухам аз зар гузашт.

Пояи ҳуснат ба ҳар шаҳре расид,
Лашкари ишқат ба ҳар кишвар гузашт.