Ёр моро ба ҳеч барнагирифт

Ёр моро ба ҳеч барнагирифт,
В-он чи гуфтем, ҳеч дарнагирифт.

Пардаи мо дарида гашту ҳанӯз
Парда аз рӯи кор барнагирифт.

Дарнаёмад зи роҳи дида ба дил,
То дил аз роҳи сина барнагирифт.

Хидмати мо ба ҷуз ҳабо нашумурд,
Суҳбати мо ба ҷуз ҳадар нагирифт.

Ҷуз вафосиратӣ дигар нагузошт,
Ҷуз ҷафо одате дигар нагирифт.

Ҳеч рӯзе маро ба сар н-омад,
Ки дилам ишқи ӯ зи сар нагирифт.