Сахт хушӣ, чашми бадат дур бод

Сахт хушӣ, чашми бадат дур бод,
Солу маҳу рӯзу шабат сур бод.

Бандаи зулфайни ту шуд ғолия,
Хоки кафи пойи ту кофур бод!

Ходиму фарроши ту Ризвон сазад,
Чокару дарбони дарат ҳур бод!

Ошиқи меҳнатзада чун ҳаст шод,
Ҳосиди хуррамшуда маҳҷур бод!

Васли ту бодо ҳама наздики мо,
Ҳаҷри ту ҷовид зи мо дур бод!