Азбаски кашидам аз ту бедод

Азбаски кашидам аз ту бедод,
Аз дасти ту омадам ба фарёд.

Фарёд аз он кунам, ки омад
Бар ман зи ту, эй нигор, бедод

Дод аз дили пуртамаъ чи дорам,
Бар хира чаро кунам бар аз дод?

Мардӣ чӣ талаб кунам зи оташ,
Нармӣ чӣ талаб кунам зи пӯлод?

Шодӣ зи дили ман аст ғамгин.
Дар ишқи ту, эй бути паризод.

Ҳаргиз дили ман мабод беғам,
Гар ту ба ғами дили манӣ шод.

Ман ҷону ҷаҳон ба бод додам,
Эй ҷону ҷаҳон, туро бақо бод!