Маро бо дилбаре коре биафтод

Маро бо дилбаре коре биафтод,
Диламро рӯзи бозоре биафтод.

Мусулмонон, маро маъзур доред,
Диламро ногаҳон коре биафтод.

Қабои ишқи Маҷнун мебуриданд,
Диламро з-он кулаҳворе биафтод.

Дилам саҷҷодаи ишқаш барафшонд,
Аз он саҷҷода зунноре биафтод.

Диламро ишқ даст андар камар кард,
Басе кӯшиду якборе биафтод.

Маро афтод бо болои ӯ кор,
На бар болои ман коре биафтод.

Ҷаҳонро чун дили ман бар замин зад,
Кунун аз дасти дилдоре биафтод.