Ҳар кас, ки зи ҳоли ман хабар ёбад

Ҳар кас, ки зи ҳоли ман хабар ёбад,
Бадаҳдии ту ба ҷумла дарёбад.

Бар ман ғами ту камин ҳамесозад,
Ҷонам шуда гир, агар зафар ёбад.

Ишқат ба баҳонае дилам бистад,
Тарсам, ки баҳонаи дигар ёбад.

Хоҳам, ки даме бароварам бо ту
Бе он, ки замона з-он хабар ёбад.

Дӣ банда ба дил харид васли ту,
Имрӯз ба ҷон харад, агар ёбад.

З-он метарсам, ки ҳар матоъеро
Чун нарх гарон шавад, батар ёбад.