Корвон мераваду бори сафар мебанданд

Корвон мераваду бори сафар мебанданд,
То дигар бор кӣ бинад, ки ба мо пайванданд?

Хайлтошони¹ ҷафокору муҳиббони малул
Хаймаро ҳамчу дил аз суҳбати мо барканданд.

Он ҳама ишва, ки дар пеш ниҳоданду ғурур,
Оқибат рӯзи ҷудоӣ паси пушт афканданд.

Тамаъ аз дӯст на ин буду таваққуъ на чунин,
Макун, эй дӯст, ки аз дӯст ҷафо напсанданд.

Мо ҳамонем, ки будему муҳаббат боқист,
Тарки суҳбат накунад дил, ки ба меҳр оканданд.

Айби шириндаҳанон нест, ки хун мерезанд,
Ҷурми соҳибназарон аст, ки дил мебанданд.

Марази ишқ на дардест, ки мешояд гуфт
Бо табибон, ки дар ин боб на донишманданд.

Сорбон, рахт манеҳ бар шутуру бор мабанд,
Ки дар ин марҳала бечора асире чанданд.

Табъ хурсанд намебошаду бас менакунад
Меҳри онон, ки ба нодидани мо хурсанданд.

Маҷлиси ёрон бе нолаи Саъдӣ хуш нест,
Шамъ мегиряду наззорагиён механданд.


¹ Сипоҳӣ, дар ин ҷо хидматгузор.