Ҷон зи розат хабар намеёбад

Ҷон зи розат хабар намеёбад,
Ақл хӯи ту дарнамеёбад.

Чун ту бозоргони Туркистон
Менаёрад, магар, намеёбад?

Васл чун дорам аз ту чашм, ки чашм
Бар хаёлат зафар намеёбад.

Гашт қонеъ ба посухи ту дилам,
В-аз лабат ин қадар намеёбад.

Ғами ишқи ту бо дилам хӯ кард,
Гӯйӣ аз ман гузар намеёбад.

Оре, ин ҷавру зулм бо кӣ кунад,
Чун зи ман сухратар намеёбад?!