Дар даври ту кам касе амон ёбад

Дар даври ту кам касе амон ёбад,
Дар ишқи ту кам диле зиён ёбад.

Худ низ нишон наметавон додан,
З-он кас, ки зи ту ҳаме нишон ёбад.

Васли ту агар ба ҷон биёбад дил,
Инсоф бидеҳ, ки ройгон ёбад.

Танҳо ту ҳама ҷаҳонию он кас,
К-ӯ ёфт туро, ҳама ҷаҳон ёбад,

Дар ойина гар ҷамол бинмойӣ,
Аз нури рухат хаёли ҷон ёбад,

В-ар сояи ту бар офтоб афтад,
Маншури ҷамоли ҷовидон ёбад.

Аз рӯз аёнтарию ҷӯянда
Аз рози дилат ҳаме ниҳон ёбад.

Рӯйи ту, ки дил наёрадаш дидан,
Дида кӣ бувад, ки рӯйи он ёбад?!

Нашгифт, ки дар замин туйӣ, чун ту
Моҳӣ тую маҳ бар осмон ёбад.

З-ин қарн қарини ту кай ояд кас,
То чун ту яке ба сад қирон ёбад.