Ҳуснат андар ҷаҳон намегунҷад

Ҳуснат андар ҷаҳон намегунҷад,
Номат андар даҳон намегунҷад.

Рози ишқат ниҳон нахоҳад монд,
З-он ки дар ақлу ҷон намегунҷад.

Бо ғами ту чунон ягона шудам,
Ки дил андар миён намегунҷад.

Тамаъи васли ту надорам, аз он-к
Ваъдаат дар забон намегунҷад.

Охир ин рӯзгор чандон монд,
Ки дурӯғе дар он намегунҷад.

Рӯй пинҳон макун, ки рози дилам
Беш аз ин дар ниҳон намегунҷад.

Гӯйӣ: «аз некуӣ рухи чу маҳам
Дар хами осмон намегунҷад».

Чӣ аҷаб, шеъри Анвариро низ
Маънӣ андар баён намегунҷад.