Ёр дил дар миён намеорад

Ёр дил дар миён намеорад.
В-аз дили ман нишон намеорад.

Соя бар кори ман намефиканад,
То ки корам ба ҷон намеорад.

В-аз бузургӣ агарчи дар кор аст,
Хештанро бад-он намеорад.

Кай ба паймони ман дарорад сар,
Чунки сар дар ҷаҳон намеорад.

Рӯзи умрам гузашту ваъдаи васл
Шаби ҳаҷраш карон намеорад.

Умр сармояест номаълум,
Тоби чандин зиён намеорад.

Ба сари ӯ, ки ишқи ӯ ба сарам
Як бало ройгон намеорад.

Ба дурӯғе бар Анварӣ ҳама умр
Гар сар орад, тавон, намеорад.