Ишқ ҳар меҳнате ба рӯй орад

Ишқ ҳар меҳнате ба рӯй орад,
Макун, эй дил, гарат намехорад.

Домани офият зи даст мадеҳ,
То ба дасти балот наспорад,

Гӯйӣ андар канори васл шавам,
Ту шавӣ, гар фироқ бигзорад.

Васл ҳам н-озмудаӣ, ки ба лутф
Хун бирезад, ки мӯй н-озорад.

Мард бинӣ, ки рӯзи васл чу шамъ,
Дар ту механдад, ашк меборад.

Гир, к-имрӯз васл доғат кард,
Ҳаҷр доғи фироқ боз орад.

Бар гирифтан шумори ишқ он беҳ,
Ки туро аз шумор нашморад.