Зулфи ту такя бар қамар дорад

Зулфи ту такя бар қамар дорад,
Лаби ту лаззати шакар дорад.

Ишқи ин ҳарду, эй нигор, маро
Бо лаби хушку чашми тар дорад.

Пурс аз ҳоли ман зи зулф хабар,
З-он ки аз ҳолам ӯ хабар дорад.

Он ки рӯи ту дид боз аз ишқ
На ҳамоно, ки хобу х(в)ар дорад.

Хоки пои туро зи рӯи шараф
Анварӣ ҳамчу тоҷи сар дорад.