То моҳрӯям аз ман рух дар ҳиҷеб дорад

То моҳрӯям аз ман рух дар ҳиҷеб дорад,
На дида хоб бинад, на дил шикеб дорад.

Ҳам дасти комронӣ дил аз инон гусаста,
Ҳам пойи зиндагонӣ ҷон дар рикеб дорад.

Пиндори дард гаштам гӯйӣ, ки дар ду олам
Ҳар ҷо, ки ҳаст дарде, бо ман ҳисеб дорад.

Бифрефт он шакарлаб моро ба ишва, оре,
Бас ишваҳои ширин, к-он дилфиреб дорад.