Маро то кай фалак ранҷур дорад

Маро то кай фалак ранҷур дорад,
Зи рӯйи дилбарам маҳҷур дорад?!

Ба як бода, ки бо маъшуқ хӯрдам,
Ҳама умрам дар он махмур дорад.

Надонам, то фалакро з-ин ғараз чист,
Ки бе ҷурме маро ранҷур дорад?

Ду дасти худ ба хуни дил кушодаст,
Магар бар хуни ман маншур дорад?!